Аз таҳти дил бихандед!
Дӯзах
Писар аз падар мепурсад:
– Дадаҷон, мардҳо ҳам ба дӯзах мераванд?
Падар дар ҷавоб:
– Бале, писарам. Лекин танҳо мардҳои муҷаррад.
Писар ҳайрон шуда, боз мепурсад:
– Мардҳои зандор чӣ?
Падар мегӯяд:
– Мо аллакай дар дӯзахем, писарам.
Савоб
Аз марде пурсиданд:
– Бародар, ҳамин тобутро аз пеш қапидан савоб аст ё аз қафояш?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Муҳимаш, дар дохили он набошӣ, шуд!
Нигоҳи пулчинак
Зане ба хонааш ғамгин меояд. Шавҳараш аз ӯ мепурсад:
– Ҳа, занак, чаро ғамгин ҳастӣ?
Зан мегӯяд:
– Имрӯз дар мусофирбар пулчинак тавре ба ман нигоҳ кард, ки гӯё ман роҳкироро надода бошам.
Шавҳар:
– Баъд ту чӣ кор кардӣ?
Зан:
– Ман ҳам тавре ба ӯ нигаристам, ки гӯё роҳпулиро дода бошам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ