Аз таҳти дил бихандед!
«Падари ман»
– Алло, шумо роҳбари синфи панҷи “Б”? Писарам имрӯз ба мактаб омада наметавонад.
– Кӣ гап мезанад?
– Падари ман.
Гурба
Дар утоқи духтури асаб модару писарчаи чорсолааш қарор доранд. Табиб савол медиҳад:
– Бачаҷон, канӣ гап зан, гурба чанд пой дорад?
Писарбача дар ҷавоб:
– Чорто.
Духтур боз мепурсад:
– Гурба чанд гӯш дорад?
– Чор гӯш.
Духтур:
– Гурба чанд чашм дорад?
Писарча:
– Дуто.
Духтур:
– Бачаҷон, гурба дум дорад?
Писарача ин дафъа ба модараш нигариста, мегӯяд:
– Оча, ин аблаҳ дар умраш гурбаро надидааст чӣ?
Заррофа
Муаллим аз талаба пурсид:
– Кадом ҳайвон бештар гармиро дӯст медорад?
– Заррофа,- ҷавоб дод шогирд.
– Чаро заррофа?
– Чунки гардани дарози он нисбат ба дигар ҳайвонҳо ба сӯи офтоб бештар майл дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ