Аз таҳти дил бихандед!
Таърихи кӯтоҳ
– Вақте ки ман дар мактаб мехондам, аз фанни таърих доим баҳои 5 мегирифтам, аммо ту бошӣ, фақат баҳои 3 мегирӣ,- гуфт марде ба писараш.
Писар дарҳол ҷавоб дод:
– Падарҷон, вақте ки шумо дар мактаб мехондед, таърих хеле кӯтоҳ буд.
Хориш
Марде ба назди табиб рафта, мегӯяд:
– Духтур, тамоми баданам хориш дорад.
Табиб мегӯяд:
– Шумо оббозӣ мекунед?
Мард мегӯяд:
– Оббозӣ мекунам, баъди як моҳ боз хориш пайдо мешавад.
Бибии тарсончак
– Бибиам бисёр тарсончак аст,- гуфт Азиза ба дугонааш.
– Чаро?
– Медонӣ, агар мо аз болои ягон кӯпрук гузаштанӣ шавем, ӯ дасти маро маҳкам мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ