Аз таҳти дил бихандед!
Дар беморхона
Марде ба беморхона ворид гашта, аз пушидани бахил саркашӣ мекунаду бовиқор назди сардухтур рафтанӣ мешавад.
Ҳамшираи тиб ба пойҳояш нигоҳ карда, мепурсад:
– Бахшиш, ако, чаро шумо бахил намепушӯд?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Ман шиноси сардухтур ҳастам!
Ҳамшира мегӯяд:
– Ман фаҳмидам, ки шумо шиноси сардухтур ҳастед, вале микробҳо дар ин бора хабар доранд?
Зани раҳмдил
– Ман бисёр зани раҳмдил ҳастам. Масалан субҳ ба талбанда 10 доллар додам.
– Воҳ! Шавҳарат ба ин чӣ гуфт?
– Дастамро бўсида, ташаккур гуфт, чунки ў худаш буд.
Духтар ё хӯриш?
Ҷавоне аз дӯсташ шодиёна мегирад:
– Ҷӯраҷон! Ман ошиқ шудам!
Дӯсташ:
– Оҳо, нағз ку! Кӣ будааст он парии хушбахт?
Ҷавон мегӯяд:
– Чашмаконаш олу, рухсорааш помидор, лабаконаш олуча!
Дӯсташ мегӯяд:
– Э бародар, вай духтар аст ё хӯриш?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ