Аз таҳти дил бихандед!
Ҳамдардии дӯст
– Дӯсти азизам, ман ба шумо ҳамдардӣ баён мекунам!
– Чӣ воқеа шуд?
– Дирӯз зани ман пӯстини гаронқимат харид.
– Ин ба ман чӣ дахл дорад?
– Гап сари он, ки пагоҳ зани ман зани шуморо хабаргирӣ меравад.
Барои баҳо
Духтар:
– Муаллим, ман барои шумо ҳар кореро хоҳед, мекунам. Фақат баҳоямро монед.
Муаллим:
– Шумо дар ҳақиқат барои баҳо ба ҳама кор тайёред?
– Ҳа!
– Ба ҳама кор-а?
– Ҳа! Ҳа, охир!
– Ин хел бошад, рафта ба имтиҳон тайёрӣ дида, баъд биёед!
Хуррок
Зан ба шавҳараш гуфт:
– Ҳар шаб хуррок кашида, хобамро мепаронед.
– Ин гапат дурӯғ,- гуфт мард,- он рӯз ҳамин хел гуфтӣ, хоби шабамро ҳаром карда, то рӯз гӯш додам, садое набаромад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ