Аз тиҷорат то вазъи минтақа. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳақан Фидан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фидан, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, вазъият дар минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ намуд.
Мулоқоти ҷонибҳо дар Қасри миллат баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот аз раванди кунунии рушди робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддати дуҷонибаро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳо арзёбӣ намуд.
«Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ таҳкими бештари ҳамкориҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарур шуморида, ҷонибдории худро ҷиҳати фаъолтар кардани ин раванд иброз доштанд», — иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки фаъолияти муназзами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолии ду кишвар метавонад василаи барчастаи пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба бошад.
Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҳамдигар, аз ҷумлаи тадбирҳое номида шудааст, ки ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ мусоидати ҷиддӣ менамоянд.
Дар баробари муносибати дуҷониба, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои Туркия ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва Фаластин табодули назар кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *