Аз зани 100 сола коронавирус тарсид…
Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 11 июл аз бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дар касабаи Зарафшон як зани 100-соларо баъди аз коронавирус табобат ёфтанаш ҷавоб додаанд.
Ин модари азиз хабар медиҳад манбаъ, корманди шоистаи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медалу мукофотҳои давлатию меҳнатӣ Қодирова Шарофати 100-сола, мебошад ки бо нишонаҳои бемории коронавирус дар беморхонаи мазкур бистарӣ буд, дар натиҷаи кӯшишу талошҳои шабонарӯзӣ, хизмати содиқонаву софдилонаи табибони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии ш.Душанбе пас аз пурра шифо ёфтан дирӯз, 11 июл ба хонааш рухсат дода шуд.
Қодирова Шарофати 100-соларо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур бо як рӯҳияи баланди қаноатмандӣ ба хона гусел намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ