Азиза барои одамкушӣ 11 сол гирифт

 Суди олӣ  Азиза Давлатоваро бо сӯиқасд ба одамкушӣ айбдор дониста, ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси қонуни афви соли 2021, як сол аз ҳукми Азиза Давлатоваро кам карданд.

Нусхаи комили ҳукм рӯзҳои наздик ба тарафҳо дода мешавад ва дар сурати норозӣ будан, онҳо метавонанд шикоят баранд.

Мурофиаи Азиза Давлатова ва ҳам шавҳараш Парвиз (Лутфулло) Давлатов паси дарҳои баста баргузор шуда буд.

Мадина Мамадҷонова, сокини 32-солаи Душанбе, шаби 25 августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Танҳо баъди ин қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани Президент тафтиши ҳодиса ба таври дигар ба роҳ монда шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.