Зулайхо Маҳмадшоева

“Бӯсачин”-и Зулайхо Маҳмадшоева ва S.O.R

Овозхони шинохтаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева ва рэпери маъруф S.O.R рэп-таронаеро бо номи “Бӯсачин” дар ютубканали “Zulaykho Mahmadshoeva” нашр карданд.

“Бӯсачин”-ро ҳаводорони ин ду ҳунарманд хуб пазируфта, дар ду шабонарӯз зиёда аз 300 ҳазор маротиба боздид намуданд.

Рэп-таронаи мазкур дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Мечинаҳо мечина,

Бусаҳакои ширина.

Меуфта аз по яке,

Бӯса агар начина.

Зулайхо Маҳмадшоева аз ҷумлаи овозхонҳои фаъолест, ки пайваста бо сурудҳои нав табъи ҳаводоронашро шод мегардонад. Ӯ дар “Ютуб” зиёда аз 160 ҳазор обуначӣ дошта, наворҳояш садҳо ҳазор бинанда доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.