Бақайдгирии довталабон оғоз шуд
Имрӯз, 3 март дар Тоҷикистон марҳилаи аввали бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз мешавад.
Бино ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, даври аввали бақайдгирӣ имсол то 30-юми апрел давом мекунад.
Арзиши бақайдгирӣ барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи асосӣ (синфи 9) 320 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ