Бақайдгирии корхонаҳои саноатӣ осон шуд
Дар як соли ахир додани иҷозатнома ба корхонаҳои афзоиш ёфт. Қисми умдаи иҷозатномаҳо аз 3 то 10 рӯз дода шудаанд, ки дар гузашта собиқа надоштааст.
Муҳаммадвалишоҳ Махшулов, масъули маркази матбуоти вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, соли гузашта беш аз 90% – и корхонаҳое, ки ба вазорат муроҷиат кардаанд, дар камтарин муҳлат иҷозатномаи фаъолиятро ба даст овардаанд.
“Аз шумораи умумиии иҷозатномаҳои додашуда 883 адад (90,1%) дар давоми 3 то 10 рӯз ба довталабон дастрас шуд. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” баррасии ариза ба муҳлати 30 рӯз пешбинӣ гардидааст”, – иттилоъ додааст Махшулов ба хабаргузории “Спутник”.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли 2024 ин ниҳод ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 980 адад иҷозатнома дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 208 адад бештар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ