Баҳодур Усмонов бо автомобил ва 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд

Шаҳрдори Душанбе барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмоновро бо автомобил қадрдонӣ кардааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳамчунин ин дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон аз ҷониби Федератсияи бокси Тоҷикистон бо 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Баҳодур Усмонов баъди 12 сол аз Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс аз шаҳри Тошканд барои Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Қаблан ин нишонро Анвар Юнусов ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *