Баҳси қарз ба кордзанӣ анҷомид

Дар Душанбе марде шиноси худро бо корд захмӣ намуд. Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт иттилоъ медиҳад, ҳодиса дар заминаи баҳси маблағи қарз рух додааст.

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 ноҳияи Сино бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард сокини 26-солаи пойтахт Ҷӯраев Шаҳром дастгир шудааст.

Мувофиқи маълумоти пешакии тафтишот, ӯ бо сокини 31-солаи Душанбе Ҷӯраев Ҳафиз, ки ба ӯ 41 ҳазор сомонӣ қарз дода буд, муноқиша кардааст.

Дар ҷараёни баҳс, Шаҳром ба Ҳафиз се зарбаи корд ба узвҳои гуногуни бадан задааст.

Ба ҷабрдида ёрии тиббӣ расонида шуда, ҳолати саломатиаш таҳти назорати табибон қарор дорад.

Айни ҳол, вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *