Ба истифода додани корхонаи пластикӣ ва сардхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Чавроқро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Зафарзода бунёд шуда, дорои хатҳои мусоири истеҳсолӣ мебошад. Коргоҳ дар як рӯз бо коркарди қариб 2,5 тонна ашёи хом ва 155 ҳазор адад маҳсулоти тайёри пластикӣ,истеҳсол мекунад.  

Ҳоло дар коргоҳ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, ки аз  Чин оварда шудааст, истеҳсоли 12 номгӯи маҳсулоти пластикӣ, ба монанди сарпӯшу дастак барои зарфҳои гуногун, қуттӣ барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи ороишӣ ва рангҳои сохтмонӣ, зарфи хурд барои нигоҳдории ғизо, инчунин дигар лавозимоти зарурӣ мутобиқ ба меъёру талаботи бозор ба роҳ монда шудааст.

CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 70

Дуюмин иншооте, ки дар ҳамин ҳудуд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, сардхона барои нигоҳдории 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки аз ҷониби муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Чавроқ бунёд гардидааст.

Ҳоло дар ин сардхонаи замонавӣ чор намуди ангур нигоҳдорӣ мешавад. Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *