суд

Ба “Машъал” зарар расонду ҷарима ва аз мансаб маҳрум шуд

Суди ноҳияи Спитамен нисбати Юлдошев С. Р. 127900 сомонӣ ҷарима ва 2 соли маҳрумият аз мансаби муайян ҳукм кардааст.

Ӯ ба ҳайси роҳбари кооперативи тиҷоратии «Машъал» дар ноҳияи Спитамен фаъолият мекардааст.

Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, ки гумонбар “бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бе қарори маҷлиси умумӣ ва розигии аъзои кооперативи тиҷоратии номбурда, дар давраи аз 29-уми марти соли 2021 то 16-уми сентябри соли 2022-юм 210 cap чорвои майдаро ба фурӯш бароварда, маблағи онро азони худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф карда, бо ин кирдораш ба кооперативи тиҷоратии «Машъал»-и АИО “Зарзамин” маблағи 274 400 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”.

Назари худи гумонбар маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *