Лео Месси

Месси бо хет-треки худ пирӯз шуд

Тими миллии футболи Аргентина дар бозии дӯстона бар тими Кюрасао пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар Сантяго дел Эстерои Аргентина бо ҳисоби 7:0 анҷом ёфт.

Хет-трик аз ҷониби Лионел Месси (дақиқаҳои 20, 33, 37) анҷом дода шуд. Дигар голҳоро Николас Гонсалес (23), Энсо Фернандес (35), Анхел Ди Мария (78, аз пеналтӣ) ва Гонсало Монтиел (87) ба самар расониданд.

Аввалин гол аз ҷониби Мессии 35-сола, ки садумин голи ӯ дар ҳайати тими миллии Аргентина буд, зада шуд. Ӯ беҳтарин нишонзан дар таърихи даста аст.

Месси, ки дар ҳайати «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса бозӣ мекунад, ҳафт бор соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шудааст. Дар ҳайати тими миллии Аргентина ғолиби Бозиҳои олимпӣ (2008) ва Ҷоми Амрико (2021) гардид. Дар охири моҳи феврал Месси ҷоизаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои беҳтарин футболбози соли 2022-ро ба даст овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *