Пойга, стратегияҳо, бозиҳои пурталотум. Бозингарони тоҷик чиро интихоб мекунанд?

Ҳар дӯстдори сеюми бозиҳои мобилӣ дар Тоҷикистон “PUBG”-ро интихоб менамояд. Чунин омор аз ҷониби оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар натиҷаи таҳлили фаъолнокии истифодабарандагони бастаҳои  «Геймер” ва “Геймер PRO” интишор карда шуд. Онҳо имкон медиҳанд, ки ҳамагӣ бо нархи аз 14,9 то 20 сомонӣ дар як моҳ қаҳрамонӣ ба даст оварда шавад.

Биёед бубинем, ки дӯстдорони намунаҳои мобилии стратегияҳои маъруф, симуляторҳо, “набардҳои шоҳона” чӣ қадаранд ва оё байни онҳо духтарон низ зиёданд?

Дар ҷои дуюм “Call of Duty Mobile” қарор дорад. Ба он 23% ҳамаи истифодабарандагон машғул мебошанд. Набарди шоҳона дар байни бозиҳо ҷои сеюмро гирифтааст. Сипас “Mobile Legends” меояд. Панҷгонаи бозиҳои беҳтарин бо бозии “Clash of Clans” хотима меёбад, ки онро 4% истифодабарандагони бастаҳои “Геймер” интихоб менамоянд.

Ҷолиби диққат он аст, ки ба бозиҳои “Call of Duty” ё “PUBG” на танҳо ҷавонписарони аз 18 то 35-сола машғул ҳастанд. Айни замон наздики 30% истифодабарандагони бастаҳо духтаронанд. Хуллас, шартҳои бастаҳо чунинанд, ки теъдоди бозингарони тамоми категорияҳо пайваста меафзояд. Дар давоми сол онҳо то 70% зиёд гардиданд.

Бастаҳои махсусро аввалин шуда дар кишвар “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳод намуд. Бо бастаи “Геймер” киберварзишгарони тоҷик ба чунин бозиҳои маъруф, ба монанди «Call of Duty Mobile”, “PUBG Mobile”, “Free Fire”, “Clash of Clans”, “Clash Royale”, “Mobile Legends” ва “World of Tanks Blitz” дастрасии бемаҳдуд пайдо мекунанд. Нархи хизматрасонӣ — 14,9 сомонӣ барои 30 рӯз. Бастаро метавон мустақилона ба воситаи USSD-дархости *151# ё дар ҳуҷраи шахсии муштарӣ, аз ҷумла тавассути замимаи “МегаФон Life” пайваст намуд.

Варианти дигар барои бозингарони ботаҷриба — бастаи “Геймер PRO”. Ба ғайр аз бозиҳои номбурда он “PUBG New State” ва “Kuboom”-ро дар бар мегирад. Ба ғайр аз ин обунаи сатҳи Premium-и “eSport CUPS” дар портали www.esport.tj дастрас буда, он имкон медиҳад, ки таҷрибаи муҳорибавӣ тавассути иштирок дар мусобиқаҳо ба даст оварда шуда, туҳфаҳои пулӣ бурд карда шаванд. Нархи бастаи “Геймер PRO” — 20 сомонӣ дар 30 шабонарӯз. Онро метавон ба воситаи дархости *151*1# ё дар ҳуҷраи шахсӣ, масалан, дар замимаи “МегаФон Life” пайваст намуд. Амали ҳарду баста ҳангоми кифоя будани маблағи тавозуни муштарӣ ба таври автоматӣ тамдид карда мешавад.

Маълумоти муфассал оид ба “Геймер” ва “Геймер PRO” — дар сомонаи оператор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *