Шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023

28-уми март тими миллии Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз тими миллии Қувайт шикаст хӯрд.

Бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Кувайт баргузор шуда, ҳисоб 2:1 ба фоидаи Қувайт ба анҷом расид.

Голҳоро аз мунтахаби Қувайт Бадр Тареқ Албӣ (9), Аль Халди (61) ба самар расониданд. Голи ягонаи Тоҷикистонро дар дақиқаи 90-уми бозӣ Алишер Ҷалилов ба номи худ сабт кард.

Қаблан дар вохӯрии ин ду даста 6-уми декабри соли 2004 ҳисоб 3:0 бо пирӯзии тими миллии Қувайт ба итмом расида буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар 7 бозии охир ба шикаст рӯ ба рӯ нагардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *