Ба Мулло Ҳайдар дар Кӯлоб ҳамла сурат гирифт (аудио)

Ба руҳонии маъруф Ҳайдар Шарифзода ҳангоми адои намози ҷаноза ҳамла сурат гирифт.  Мақомоти милитсияи кишвар ин ҳодисаро тасдиқ карданд.

Ҳайдар Шарифзодаи 76-сола имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб мебошад.  Худи  мулло Ҳайдар Шарифзода ҳам гуфтааст, як ҷавон ба ӯ бо “электрошокер” ҳамла кард, вале ангезааш маълум нест. Мақомоти милитсия дар шаҳри Кӯлоб ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳамлагар бемории рӯҳӣ доштааст.

“Ҷавон дар паси ман будааст, вале фикр мекунам, танҳо набуд.  Як девонаро пеш дароварданду худашон аз пас истоданд. Вай бо “электрошокер” зад. Ҳамроҳонаш сипас аз дасти ӯ гирифта, ишора карданд, ки бигурезад. Гуфтам, кордораш нашавед, паноҳаш ба Худо,” – нақл кардааст мулло Ҳайдар ба “Озодӣ”.

Мулло Ҳайдар Шарифзода дар солҳои 90-ум узви Шӯрои олии Тоҷикистон буд ва дар гирудорҳои дохилӣ низ ширкати фаъол дошту аз тарафдорони ҳукумати феълӣ ба шумор мерафт.

Солҳои охир агарчӣ аз сиёсат канор рафтааст, номаш чанд дафъа дар пайванд ба баёнияҳояш дар бораи иштироки ҷавонон дар ҷангҳои Ироқу Сурия, ташкили китобхонаву кам кардани масҷидҳо ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ва сӯхтори хонааш дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *