Як оилаи тоҷик дар Душанбе соҳиби визаи Амрико шуд (аудио)

Як оилаи тоҷик бори аввал раводиди муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳида аз Сафорати Амрико дар Душанбе дарёфт кард.

Сафорат рӯзи 7-уми октябр бо нашри ин хабар иттилоъ дод, ки аз ин пас тамоми виза ё раводиди муҳоҷират ба ин кишвар аз Душанбе дода мешавад. Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводид ба шаҳри Алматои Қазоқистон мерафтанд.

Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри акси ин хонаводаи тоҷик ба онҳо сафари хубу зиндагии навро дар Амрико хостааст. Аммо сафорат номи ин оиларо эълон накардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *