Баҳс бо БДА ба парвандаи ҷиноятӣ оварда мерасонад

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди як сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон “барои таҳқири ду нозири роҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба зидди як сокини ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон “барои таҳқири ду нозири роҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Душанбе рӯзи 13-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки Сироҷиддин Наҷимови 39-сола баъди он дастгир шуд, ки видеои “таҳқир ва дашноми ӯ ба унвони нозирони роҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро барангехт.Дар ин видео, ки дар шабакаҳои “Однокласнники” ва “Фейсбук” нашр шудааст, дида мешавад, чӣ гуна Сироҷиддин Наҷимов бо як нозири Идораи Бозрасии давлатии Автомобилӣ вориди баҳс мешавад.Мақомоти Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, ки ронандаи “Тангем” ба талаботи қонунии кормандони милиса итоат накарда, баръакс, онҳоро дашному таҳқир намудааст. Ҳодиса рӯзи 19-уми феврали имсол дар шаҳри Душанбе рух додааст ва видеоро низ ҳамон рӯз дар “Одноклассники” гузоштаанд.Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои чунин рафтор, ки ҷинояти сахт ба ҳисоб меравад, рӯзи 27-уми феврали имсол ба зидди Сироҷиддин Наҷимов бо иттиҳоми таҳқири намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *