Ба шиками занаш бо корд зад
Тавре ВКД хабар медиҳад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 1-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:40-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 29-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида тафтишот идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ