Ба Тоҷикистон воридоти маҳсулоти нафтӣ зиёд шуд
Нархи фурӯши чаканаи сӯзишвории дизелӣ аз 9,4 то 11,6 сомонӣ ва бензини навъи АИ-92 аз 10,2 то 10,8 сомониро ташкил менамояд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ бозори сӯзишвории дизелӣ ва бензинро дар Тоҷикистон муътадил арзёбӣ карданд. Ин муътадилӣ ба нархи нафти навъи Brent дар бозори ҷаҳонӣ рабт дошта, дар се моҳи охир аз 73,4 то 75,5 доллар барои як баррел боқӣ мондааст.
Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2024 ба ҷумҳурӣ 1 050,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 829,4 млн доллар ворид шудааст.
Сафаралӣ Қурбонзода зикр кард, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 151 ,2 ҳазор тонна зиёд аст. Нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2023 48 доллар ё ба андозаи 6,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Иштирокчиёни бозори воридоти бензин 26, дизел 29 ва гази моеъ 16 субъектро ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ