Ба вазорат 54 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид, 40 адади дигар дар назар аст

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон бо кишвари Япония ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи грантии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ 54 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақди карда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, аз нақлиёти тақдимшуда 34 ададашон нақлиёти хурд ва боқимонда нақлиёти калонҳаҷме мебошанд, ки дар шароити куҳистон созгоранд. Дар дохили нақлиёти мазкур дефибриллятор, тонометр, балони оксиген, кати интиқоли бемор ва дар умум маҷмӯи лавозимоти эҳё мавҷуд мебошад, ки барои ёрии аввалияи тиббӣ ба беморон хизмат мерасонанд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳамзамон 40 адади дигар чунин нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба кишвар ворид гарданд.

— Бояд гуфт, ки маросими супоридани нақлиёти мазкур дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сафорати Япония дар Тоҷикистон, ташкилоти JICA дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Нотиқон зимни суханронии хеш аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ин иқдомро идомаи равобити дӯстонаи ду кишвар маънидод намуданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки аллакай як қисми нақлиёти мазкур ба ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Айнӣ, Ҷалолиддини Балхӣ интиқол дода шуда, дар доираи талабот боқимонда нақлиёт ба дигар шаҳру навоҳии кишвар дастрас карда мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.