“Бачаи мардум”-и Шабнами Собирӣ нашр шуд

Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Собирӣ суруди нави худро бо номи “Бачаи мардум” дар ютубканали “T Music Awards” нашр кард.

Суруди мазкур бо намоҳангаш нашр шуда, дар муддати як шабонарӯз зиёда аз 50 ҳазор маротиба бозбинӣ гардид.

“Бачаи мардум” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия шуда, дар намоҳангаш ҳунармандони ӯзбек нақш офаридаанд, вале бояд гуфт, ки суханронии ҳунарпешагон бо забони тоҷикист.

Ҳамчунин, пораҳои суруди мазкурро блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои худ бознашр карданд, ки нишони ҳамдиливу ёрӣ расонидан ба овозхон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *