Баъди имзои санади нави оташбас 4 асири қирғиз раҳо карда шуданд (аудио)

Мақомоти Тоҷикистон баъди ба имзо расидани санад миёни раҳбарони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон марзбонони боздоштшудаи кишвари ҳамсояро озод кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки афсарони қирғиз барои иштирок дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзии рӯзи 16-уми сентябр мавриди боздошт қарор гирифта буданд.

— Миёни роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар созишнома дар бораи оташбас ба имзо расид ва тибқи он марзбонони боздоштшуда раҳо карда шуданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки баъд аз зуҳри рӯзи 19-уми сентябр Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев зимни баргузории мулоқоте санади навбатӣ дар бораи оташбас ба имзо расонидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.