Баъди сари қудрат омадани Толибон гардиши маводи мухаддир афзуд

Аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон»* то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.  

Ҳол он ки дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод. Дар ин бора имрӯз,5 август зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки соли равон аз тарафи кормандони фаврии агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия нисбат ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки  дар Тоҷикистон ва Русия ба хариду фурӯши маводи мухаддир машғул буд, амалиёти муштараки дуҷониба гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин амалиёт дар ду марҳила дар маҷмӯъ як килову 06 грамм героин мусодира гардид. Ҳамзамон, аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи  Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаааст.

Дар ин ҷиноят шаҳрвандони ҷумҳурӣ Шамшод Холиқов, соли таваллудаш 2001, Далер Сафарзода, соли таваллудаш 1990, ки шаҳрвандии Русияро доштанд ва ҷойи истиқомати доимиашон дар Русия буд, дастгир карда шуданд. Оид ба ин ҳолат парванда оғоз карда шуда, нисбат ба дигар саркардаҳои ин гурӯҳи ҷиноятпеша корҳои тафтишотӣ  бурда мешаванд.

* Ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.