Баъди заминларзаҳои Туркиву Сурия: Лира-Сапр дар Тоҷикистон
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани масъалаҳои ҳисоби муҳандисӣ дар асоси барномаи Лира-Сапр омӯзиш оғоз намудааст.
Бино ба иттилои кумитаи мазкур, дар машғулият масъалаҳои ҳисоби муҳандисии конструксияи бинову иншоот бо назардошти барномаи Лира-Сапр омӯзонида мешаванд.
Бо фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли 2023 пас аз заминларзаҳои Туркия ва Сурия бо мақсади санҷиши биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар мамлакат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ