Байден бемории саратон шудааст
Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини Амрико ба саратони простата мубтало шудааст. Ӯ 82 сол дорад.
Дафтари Байден рӯзи якшанбеи 18-уми май эълон кард, ки ду рӯз пеш дар пайи бурузи нишонаҳои ин беморӣ, пизишкон президенти пешинро ташхис карда, дар ӯ бемории саратонро ошкор кардаанд.
Доналд Трамп, президенти феълии ИМА дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ки ӯ ва ҳамсараш аз шунидани хабари бемории Ҷо Байден “бисёр мутаассир” шудаанд ва барои Байден орзуи саломатӣ мекунанд. Байден соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда, то охири соли 2024 Амрикоро роҳбарӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ