Байден Гюленро пинҳон кардааст?

Раҷаб Тайиб Эрдуғон — раисҷумҳури Туркия Ҷо Байден — президенти Амрикоро муттаҳам кард, ки раҳбари созмони мамнӯи FETÖ, воизи исломӣ Фатҳулло Гуленро дар Пенсилвания пинҳон кардааст.

Мақомоти Туркия созмони воизи Гулен дар Амрикоро, ки онҳо FETÖ (ташкилоти террористии фетуллоҳӣ) меноманд, дар даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июли соли 2016 муттаҳам мекунанд.

Дар Туркия он замон пас аз шӯриш беш аз 80 000 нафар боздошт шуданд, тақрибан 150 000 хизматчии давлатӣ, аз ҷумла низомиён аз кор ронда ё боздошта шуданд.

Худи Гулен, ки дар ИМА умр ба сар мебарад, кӯшиши табаддулотро маҳкум кард ва иттиҳомотро рад намуд.

Исми Фатҳулло Гулен, ки ҳоло 81 сол дорад, дар поёни солҳои 1960, вақте намозҳои ҷумъаро дар масҷиди бузургтарини шаҳри Измир раҳбарӣ мекард, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ӯ соли 1999, баъди он ки мақомоти вақти Туркия ба кӯшиши ба ҳам задани низоми дунявии давлат дар ин кишвар айбдораш карданд, ба Амрико рафт ва 23 сол боз дар шаҳри Сайлосбурги аёлати Пенсилвания зиндагӣ мекунад.

Иттиҳомоти зидди Гулен баъдан дар ғайбаш лағв шуд, вале ӯ дар Амрико монд ва аз ҳамонҷо ба ҳаракати мазҳабиву маорифии таъсисдодааш бо номи “Хизмат”, ки бо исми “ҳаракати Гулен” ҳам маъруф аст, раҳбарӣ мекунад. Ин ҳаракат дар 150 кишвари дунё ҳудуди 1000 маркази илмӣ ва мактабҳоеро, ки бо номи “литсейҳои туркӣ” маъруфанд, сармоягузорӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон низ қаблан “Литсейҳои муштараки туркӣ-тоҷикӣ” ва чандин лоиҳаҳои дигар аз ҷониби Фонди Гюлен маблағгузорӣ мешуд. Феълан фаъолияти ин лоиҳаҳо дар Тоҷикистон қатъ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *