Байни Душанбе ва Шероз хатсайри мустақими ҳавоӣ боз мешавад
Тоҷикистону Эрон азм доранд, ки хатсайри мустақими ҳавоиро байни Душанбе ва Шероз боз кунанд.
Масъалаи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 5-6 май дар Шероз баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи мақомоти ду кишвар, таъсиси ин хатсайр ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Форс мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Форс Ҳусейналӣ Амирӣ изҳор намуд, ки Шероз ба як макони муътабар барои табобат ва сайёҳии тиббӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ барои афзоиши гардиши мусофирон ва рушди муносибатҳо кӯмак мерасонад.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур, ки бо ширкати намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд, масъалаи афзоиши гардиши молу маҳсулот ва имкониятҳои сармоягузорӣ миёни кишварҳо баррасӣ гардид.
Коҳиш додани монеаҳо барои соҳибкорон ва таъсиси хатсайрҳои ҳавоии нав дар ду кишвар бо мақсади дастгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ аҳамияти махсус дошт.
Дар соли 2024, ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон ба 377,7 миллион доллар расид, ки 48,4% нисбат ба соли 2023 зиёд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ