Барқарор шудани парвозҳои «Сомон Эйр» ба Русия

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз дубора барқарор шудани парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Душанбе-Хуҷанд хабар дод. Ин хатсайрҳо дар пайи як баҳси ҳавои миёни Душанбе ва Маскав, аз ҷониби Русия маҳдуд шуда буданд.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати “Сомон Эйр”  гуфт, парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Москва дар рӯзҳои душанбе, чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе ва дар самти Хуҷанд-Москва, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа сурат мегиранд.

Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Москва-Душанбе ҳафтае 7 маротиба ва дар самти Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳафтае 3 маротиба амалӣ хоҳад кард.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *