Баргузории марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2022 дар ду гуруҳ

Даври дуюми марҳилаи якуми Coca-Cola-Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ ба охир расид ва дар пайи он ҳайатҳои ду гуруҳи марҳилаи дуюми чемпионат муайян шуданд.

Дар марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гуруҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал ба даст омада нигоҳ дошта мешаванд. Аз рўи натиҷаҳои марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гуруҳи «А» ва панҷ дастаи зинаҳои баъдӣ дар гуруҳи «В» бозӣ мекунанд. Дар ҳарду гуруҳ дастаҳо як бозӣ анҷом медиҳаднд.

Дастаҳои гуруҳи «А» барои ҷойҳои аз 1 то 5-и ҷадвал мубориза мебаранд. Инҳо «Истиқлол» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кўлоб), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва КМВА (Душанбе) ҳастанд.

Панҷ дастаи дигар, ки инҳо «Истаравшан» (Истаравшан), «Файзканд» (Восеъ), «Эсхата» (Хуҷанд), «Равшан» (Зафаробод) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ҳастанд, дар гуруҳи «В» дар алоҳидагӣ рақобат карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум мубориза мебаранд.  Дар охири мавсим ду дастаи поёнӣ ба Лигаи якум мераванд. Дар маҷмуъ ҳар даста дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *