Барканории раисони Хуросон ва Ҷомӣ

Сафарзода Раҳматулло, раиси ноҳияи Хуросон ва Саиди Ёқубзод раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Як манбаъ аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Хуросон гуфт, ба ҷой Сафарзода Раҳматулло Аҳмадзода Илҳом иҷрокунандаи раиси ноҳияи Хуросон таъин гардидааст. Аҳмадзода Илҳом то имрӯз муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон буд.

Ҳамчунин Саиди Ёқубзод аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ озод шуда, ба ҷой ӯ Раҳимзода Сафар иҷрокунандаи раиси ноҳияи мазкур таъин шудааст. Раҳимзода Сафар то ин замон дар вазифаи муовини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият мекард.

Машраби Аловиддин  

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.