Барномаи шоми “Дӯстии абадӣ” дар Кохи Борбад
Шоми 8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар толори бошукуҳи “Кохи Борбад” барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров иштирок намуданд.

“Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад”,-таъкид мекунад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ