Барои қатли бародар 20 сол равонаи зиндон шуд
Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини ноҳияи Рӯдакиро бинобар сабаби қатли бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.
Ба иттилои манбаъ, зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, ки муттаҳам 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ аз падараш огоҳ шудааст, ки бародараш ӯро барои нӯшидани нушокии спиртӣ аз хона рондааст.
“Баъди шунидани шикояти падараш ӯ ба ғазаб омада, тариқи телефони мобилӣ бо бародараш ҷанҷол намуда, касди аз ҳаёт маҳрум намудани охиринро тарҳрезӣ кардааст”, – омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Гуфта мешавад, ки муттаҳам бо таксии фармоишӣ ба хонаашон ҳозир шуда, бародарашро, ки дар ҳолати оҷизӣ хоб будааст, 10 маротиба корд задааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ