Барои бадрафторӣ дастгир ва ба гуноҳаш иқрор шуд

Умедҷон Мирзоалиеви 19-сола аз рӯи навори дар интернет нашршуда, барои бадрафторӣ ва паст задани шаъну шарафи ҷавондухтаре дастгир шудааст.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳодиса 8-уми апрел рух дода, ҷавондухтар дар муроҷиати видеоӣ аз мақомот дархости чораҷӯӣ ба масъалаи мазкур мекунад.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки “дастгиршуда Мирзоалиев Умедҷон зимни пурсиш худро гунаҳгор ҳисобида, иброз намуд, ки дар ҳақиқат нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда бе ягон сабаб бадрафторӣ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задааст”.

Гуфта мешавад, ки “нисбати ҷавон маводҳои зарурӣ тартиб дода ва бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба суд ирсол карда шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *