Дар Гурҷистон ҳазорон нафар ба хиёбонҳо рехтанд (видео)

Дар маркази шаҳри Тифлиси Гурҷистон тазоҳуроти эътирозии бузургтарин ҳизби мухолифи Гурҷистон — Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ баргузор шуд, ки наворро ширкатҳои телевизионии маҳаллӣ пахш карданд.

Раҳпаймоӣ таҳти шиори «Якҷоя бо Аврупо» гузашт. Эътирозгарон аз ҷумла озодии Лазаре Григориадисиро, ки дар иртибот ба тазоҳуроти рӯзҳои 7-9-уми март алайҳи «лоиҳаи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ» боздошт шуда буд, талаб карданд. Мухолифон ҳамчунин хостори истеъфои судяҳое шуданд, ки ИМА алайҳи онҳо таҳримот ҷорӣ кардааст.

«Талаби савум озодии Михаил Саакашвилӣ ва Ника Гварамия, чаҳорум — ҷорӣ кардани қонун дар бораи деолигархизатсия, ислоҳоти судӣ ва ислоҳоти комиссияи интихоботӣ аст»,- гуфт раиси ҳизб Леван Хабейшвилӣ.

Роҳпаймоӣ аллакай ба охир расида, хиёбони Руставели барои нақлиёт боз аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *