Барои чӣ Субҳон Ҷалилов китобҳоро савтӣ мекунад?

Меҳмони навбатии барномаи “Китобхон” ровии машҳур Субҳон Ҷалилов буд.

Дар аввали барном баранда мегӯяд, ки сабаби асосии даъвати Субҳон Ҷалилов ин тарғибу савтӣ кардани китобҳо мебошад. Ҳамчунин, аз меҳмонаш мепурсад, ки сабаби асосии китобхонӣ дар радио дар чист.

“Мо аввал хостем, ки ин лоиҳаи тиҷоратӣ бошад, вале мутаассифона дар тӯли корамон ҳамагӣ як сарпараст барои як моҳ доштем. Бисёр мутаассифона, ки ягон нафар ин гуна гуфторҳоро сарпарастӣ намекунад, вале ба хотире, ки мардум ин барномаро хуб қабул карданд ва бисёр таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, то имрӯз ҳудуди 150-200 китоб хондем”,- гуфт Субҳон Ҷалилов.

Ҳамчунин, Субҳон Ҷалилов аз кам будани сарпарастон ба барномаҳои кӯдакона ва гуфторҳои адабӣ изҳорӣ нигаронӣ карда, мегӯяд, ки хубтар мешавад нафарони тавонманд ба ин мавзӯъҳо ҳам таваҷҷуҳ кунанд.

“Медонем, ки барномаи моро мардум гӯш мекунанд. Агар бо сабабе онро пахш накунем, шунавандагон ба мо мегӯянд, ки чаро давоми китобро пешниҳод накардем”,- илова мекунад ӯ. Субҳон Ҷалилов мегӯяд, ки дар оянда ҳам ба савтӣ кардани китобҳо давом медиҳад ва ин кор аз машғулиятҳои дӯстдоштааш маҳсуб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *