Барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷазои ҷиноятӣ вазнинтар шуд
Милитсияи пойтахт хабар медиҳад, ки бо назардошти далелҳои зиёди қонуншиканӣ, акнун ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вазнинтар гардид.
Мақомот мегӯяд, ки истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба масъалаи мубраму ҳалталаб мубаддал гаштааст. Танҳо давоми соли ҷорӣ 4-парвандаи ҷиноятӣ дар ин самт оғоз гардида, зарари ба буҷаи давлат расонидашуда, беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин асос 15-уми апрели соли ҷорӣ ба моддаи 382 КҲМ Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, мувофиқи моддаи мазкур барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин шудааст.
Инчунин, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 иловаи 1 қабул карда шуд. Минбаъд барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Моддаи мазкур ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол ҷазо пешбинӣ намудааст.
Милитсия таъкид мекунад, ки шаҳрвандонро мебояд талаботи қонунгузориро қатъиян риоя намуда, аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ