Фарҳод Раҳимӣ

Баррасии густариши ҳамкориҳои илмӣ миёни Тоҷикистону Эрон

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо раиси Маркази таъомулоти байналмилалии илму фанноварии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати Эрон Амирҳусайни Мирободӣ мулоқот намудааст.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масъалаи фароҳам овардани заминаи ҳамкории мутахассисону пажуҳишгарони ду кишвар баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории ИРНА, мулоқоти тарафҳо зимни боздид аз намоишгоҳи доимии маҳсулоти Эрон дар Хонаи навоварӣ ва фанноварии Эрон дар Теҳрон сурат гирифтааст.

Зимни мулоқот Амирҳусайни Мирободӣ густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ таъкид намуда, зикр доштааст, ки барои фароҳам овардани заминаи ҳамкории мутахассисону пажуҳишгарони ду кишвар бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тафоҳумномаи расмӣ ба имзо расонидан зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *