Баррасии масъалаҳои шаҳрсозии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Пойтахти Ӯзбекистон ин бор ба Анҷумани нахустини меъморон ва тарроҳони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ мизбонӣ кард. Онро Иттиҳодияи меъморони ҷавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ намуд. Пеш аз оғози ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти сохтмонӣ баргузор гардид, ки ифодакунандаи ҷанбаҳои касби меъмориро дар худ таҷассум мекард.

Дар форуми мазкур меъморону тарроҳони ҷавони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон лоиҳаҳо оид ба шаҳрсозӣ, тоза нигоҳ доштани вазъи экологӣ ва муҳити атроф, банақшагирӣ ҳангоми сохтмони биноҳову иншоот дар минтақаҳои аҳолинишин ва берун аз он ва ғайраро муаррифӣ намуданд.   

Як блоки калони суханрониҳои баромадкунандагони форум масъалаҳои баробарии гендерӣ ва дастгирии занон дар тарҳрезӣ ва меъмориро дар меҳвари гуфтугӯҳои худ қарор дод. Аз ҷумла, Таҳмина Турдиалиева, раиси Иттиҳодияи меъморони ҷавони Ӯзбекистон, гуфт, ки ин форум танҳо баррасии масъалаҳои рӯзнома нест, балки роҳҳои ҳалли онро бояд ба миён гузоранд ва аз тариқи журналистон расонаӣ кунанд. Барои ҳамин намояндагони воситаҳои ахбору расонаҳо ба ин форум даъват шудаанд.

-Меъморони ҷавон бояд як ҷузъи муҳити шаҳри худ шаванд ва нишон диҳанд, ки онҳо барои ҷомеаи худ ба чиҳо қодиранд. Дар атрофи масъалаҳои баробарии гендерӣ низ фикру ақидаҳо матраҳ гарданд, ки ҷанону духтарон дар соҳаи меъморӣ чи қудрату тавоноӣ доранд,-иброз дошт ин ҷавонзани меъмор-тарроҳи ӯзбек.

Гуфта шуд, ки дар соҳаи урбанизатсия ё шаҳрсозӣ як қатор муаммоҳову мушкилот вуҷуд дорад, ки маҳз меъморони ҷавонзан барои тағир додани он намунаи ибрати дигарон шаванд.

-Ҳадафи форум инъикоси мушкилоти ҷомеа, тавассути муколама таҳияи роҳҳои ҳалли онҳо мебошад, ки барои баррасӣ ба мақомоти болоии кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод карда мешаванд,-гуфт Таҳмина Турдиалиева.

Дар форум таъкид гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз рӯи анъана ва фарҳанги шаҳрсозӣ тавъаманд, аз ҳад зиёд ободонии шаҳрҳо, ки бар зарари ҳаво ва дарахтон нигаронида шудаанд, дар як сатҳ қарор доранд. Бурида шудани дарахтони зиёд, мувофиқи хостаи худ ба сохтани иншоот шуғл варзидани одамон ба шаҳрсозӣ таъсири манфӣ боқӣ мегузоранд. 

Гуфта шуд, ки ғояи баргузории ин форум дар пасманзари авҷи сохтмон ба вуҷуд омадааст, ки ҳалли масъалаҳои марбут ба технологияҳои тағирёбанда ва васеъшавии шаҳрҳоро талаб мекунад. Натиҷаҳои чунин урбанизатсия ё шаҳрнишинӣ  фишор ба бозори меҳнат, таназзули инфрасохтор ва осебпазирӣ ба тағирёбии иқлимро дар бар мегиранд. Масалан, Остона, Алмаато, Бишкек, Душанбе ва Тошканд бо бадтарин сифати ҳаво дар рейтингҳои ҷаҳонӣ мунтазам ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд. Кишварҳои минтақа ба сармоягузорӣ ва рушди устувори инфрасохтори шаҳрӣ барои таъмини сифати шоистаи зиндагӣ ва ҳифзи ҳувияти худ ниёз доранд.

 Дар ҷараёни форуми “Урбани Осиёи Марказӣ”, ки ба як платформаи муттаҳидсозии сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва мутахассисони соҳаи меъморӣ, сохтмон, экология ва технологияҳои рақамӣ табдил ёфтааст, мушкилоти рушди шаҳрҳо, аз ҷумла инфрасохтори нақлиёт, масъалаҳои экологӣ ва манзил, ҷанбаҳои рушди иқтисодӣ, ташаккули ояндаи шаҳрҳо ва беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ дар муҳити шаҳр баррасӣ гардид.

Дар иҷлосияҳои форум роҷеъ ба мавзӯҳои “Ташаккули симои шаҳрҳо дар равандҳои суръатбахши урбанизатсия”, “Тошканд чӣ гуна метавонад ба ТОП 50 макони бароҳати зиндагии шаҳрҳои ҷаҳон ворид шавад?”, “ Чаро шаҳрҳо ба ниҳодҳои мустақили шаҳрсозӣ ниёз доранд?”, “ Рушди меъмории шаҳри Душанбе дар шароити муосир. Таҷрибаи шахсӣ дар татбиқи лоиҳаҳои меъморӣ дар Тоҷикистон”, “Пешомадҳои такмили ихтисос дар соҳаи саноати сохтмони”, «Иқтисоди сабз ва рақамӣ ҳамчун воситаҳои рушди устувори шаҳрҳо» ва як қатор масълаҳои басо муҳими дигар табодули фикр сурат гирифт. 

Аз Тоҷикистон Хуршед Аюбҷонов -директори ширкати АМСИЛА, меъморони ҷавон Зиёи Сӯҳроби Абдувалӣ ва Эҳром Маъруфов, меъмор ва шаҳрсози шӯъбаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Махсудинова, сардори ин шӯъба Мамадназар Мамадназаров, инчунин Насиба Каримова-директори ташкилоти ғайридавлатии “Шодӣ” бо маърӯза ва тавсияҳои ҷолиби худ ширкат намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаҳо тавсия ва пешниҳодҳо таҳия гардиданд, ки ба ҳалли мушкилот ва муаммоҳои шаҳрсозӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба таъмини ҳифзи табиат ва манфиатҳои қонунии давлатҳои ширкаткунандаи он равона шудаанд. Дар анҷоми форум иштирокчиён Эъломияи ниҳоӣ оид ба пешбурди принсипҳои рушди устувор дар равандҳои урбанизатсияро имзо карданд. Дар он оиди пайвастан ба Ташаббуси сабз, пешбурди консепсияи «шаҳрҳои интеллектуалӣ», истифодаи қарорҳои инноватсионӣ ва технологияҳои рақамии беҳтар кардани идоракунии захираҳои шаҳрӣ, мусоидат ба татбиқи принсипҳои рушди фарогир ба тавофуқ расида шуд.

Дар доираи форуми меъморони ҷавони Осиёи Марказӣ китоби Институти меъморони шоҳигарии Британия муаррифӣ гардид, ки ба қалами устоди Институти Пратта дар Ню-Йорк, доктор Ҳарриеэт Ҳаррисс, дотсенти Донишгоҳи Лондон Моника Парриндер, журналисти меъморӣ, сардабири маҷаллаи машҳури “Dezeen” Том Равенскорфт ва тарроҳу нависанда, устоди Донишгоҳи Миддлсексаи Лондон Наоми Ҳоуз тааллуқ дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

узви Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, шаҳри  Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *