Баррасии “Мероси адабии Рӯдакӣ” дар Теҳрон

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани Эроншиносӣ ва Муассисаи мутолиоти Эрон ва Авросиё 3 феврали соли ҷорӣ дар толори Фарҳанги Китобхонаи миллии Эрон нишасти илмиву адабиро дар мавзӯи «Мероси адабии Рӯдакӣ” баргузор намуд.

Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар медиҳанд, ки дар ибтидои нишаст, Ғуломризо Амирхонӣ — муовини Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Эрон ва Маҳдӣ Саноӣ — муовини сиёсии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни хушомадгӯӣ ба меҳмонони нишаст ва  бо ишора ба ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар таърихи шеъру адаби кишварҳои форсизабон, осору андешаи Одамушшуароро дастурамали маънавии инсонсоз барои наслҳои дирӯз, имрӯз ва фардо хонданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ  Рӯдакиро нахустин ва бузургтарин шоири тоҷику форс  номид, ки  анвои гуногуни шеърӣ, мисли қасида, ғазал, қитъа, маснавӣ ва рубоиро    дар беҳтарин ва расотарин сурат эҷод карда, низоми комили мавзӯот, вазн, қофия ва санъатҳои бадеиро  дар шеъри тоҷикӣ — форсӣ ба вуҷуд овардааст. Ба ин маънӣ,  Рӯдакӣ  шоири роҳкушое буд, ки пасовандон дар арсаи шеъру шоирӣ пайрави роҳи ҳамворкардаи ӯ дар шеъру шоирӣ шуданд ва дар тӯли ҳазор соли баъдӣ суннатҳои пайрезинамудаи падари маънавии худро идома бахшиданд.. Таъкид гардид, ки бо зуҳури Рӯдакӣ ва шеъри Рӯдакивор дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ — форсӣ ба саҳнаи ҳамовардӣ бо забони арабӣ ба унвони забони шеъру адабу илм ворид гардид. Аз ин рӯ яке аз хидматҳои бузург ва бемисли Рӯдакӣ он буд, ки ӯ  иқтидори забони тоҷикӣ — форсиро  ба унвони забони шеър пас аз ду қарни тасаллути забони арабӣ дар паҳнаи шеъру адаб ба сурати комил ба намоиш гузоштааст,

Н.Зоҳидӣ Рӯдакӣ ва рӯдакишиносиро  яке аз муҳимтарин  меҳварҳои равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон хонда, таҳияи девони илмӣ – интиқодии Рӯдакиро дар заминаи дастовардҳои илми матншиносии муосир яке аз муҳимтарин корҳое донист, ки имрӯз дар рӯдакишиносӣ бояд бо ҳамкории донишмандони ду кишвар анҷом пазирад. 

Дар идомаи нишаст донишмандони маъруфи эронӣ  Асғари Додбеҳ,  Маҳмуд  Ҷаъфарии Деҳақӣ, Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва дигарон дар бораи вижагиҳои осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва  рамзу рози мондагории мероси адабии Одамушшуаро суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки нишасти мазкур бо иҷрои барномаи мусиқӣ ба поён расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *