“Баттл”-и Шон МС ва Райдер нашр мешавад

Сунат Шарипов, ташкилкунандаи “баттл”-и пурсарусадо ва то ҳол нашрнашудаи Шон МС ва Райдер дар ютубканали худ наворе нашр карда, хабари нав дод.

— Ман гуфта будам, ки агар наворамон 10 ҳазор “лайк” бигирад, аз хотираи сӯхтаи компютер ба воситаи мутахассисон “баттл”-ро барқарор карда, пешкаши ҳаводорони ин намуди санъат мекунам, вале мутаассифона, навори мо бо вуҷуди 81 ҳазор бор бозбинӣ шудан, ҳамагӣ 9 ҳазор “лайк” гирифт,- гуфт дар аввали навор ӯ.

Тавре алоқамандони рэп ва “баттл” медонанд, чанде пеш Сунат Шарипов дар Русия бо харҷи пули калон “баттл”-и Шон МС ва Райдерро ташкил карда буд, вале аз сабаби он, ки Шон МС ба қадри кофӣ мисраъҳояшро нахонд, ташкилкунанда хотираи компютерашро, ки “баттл” он ҷо буд, сӯзонд. Ҳамчунин, гуфта буд, ки ҳаводорон “баттл”-ро интизор нашаванд.

Вале чанд рӯз пеш боз сарусадои барқароркунии хотираи компютер ва нашри он баланд шуд. — “Жёсткий диск”-ро шаҳри Казан бурдем ва корҳоямон барор нагирифт. Яъне, натавонистем онро барқарор кунем. Вале ба ман роҳбари ютубканали “RAP PORTAL” Додихудо Абдураҳимов гуфт, ки имкони барқарор кардани “баттл” ҳаст. Агар ӯ ин корро ҳал карда тавонад, ман “баттл”-ро мефурӯшам,- илова кард Сунат Шарипов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *