Баҳси Орзу Исоев ва Беҳрӯз Мирзоев

Масъулини барномаи “Ногуфтаҳо” ҳафтаи гузашта овозхони тоҷик Беҳрӯз Мирзоевро ҳамчун меҳмон даъват карда буданд. Мо ин ҷо аз “Ногуфтаҳо”-и Беҳрӯз Мирзоев намегӯем, балки аз баҳсе мегӯем, ки аз барномаи қаблӣ пайдо шудааст.

Вақте ки барномаи “Ногуфтаҳо” бо гиторнавоз Бахтиёр Аксакалов нашр мешавад, аз он ки меҳмони барнома номи Беҳрӯз Мирзоевро ҳатто як маротиба ёд намекунад, овозхон асабӣ шуда, дар шарҳи порчаи барнома менависад, ки дар барнома дурӯғ ва дурӯягӣ ҷой дорад. Аз ин шарҳ ровии барнома Орзу Исоев дар ғазаб шуда, Беҳрӯзро ба барномааш даъват мекунад.

– Шумо чаро таҳиягарони барномаро дурӯғгӯ гуфтед?,- савол медиҳад ровӣ.

– Ман шуморо не, балки ишора ба Бахтиёрҷон кардам,- ҷавоб медиҳад меҳмони барнома.

Дар идома Беҳрӯз Мирзоев аз дастгириҳояш нисбат ба Бахтиёр Аксакалов мегӯяд, вале изҳори норозигӣ мекунад, ки номаш ҳамчун кумакрасон қайд намешавад. Ҳамчунин, ӯ мегӯяд, ки вақте аз Бахтиёр сабаби чунин рафторро пурсидааст, ҷавоб гирифтааст, ки таҳиягарони барнома гуфтаанд бештар бояд дар бораи худаш ҳарф занад. Аз ин гуна ранг гирифтани кор ровии барнома дучанд асабӣ шуда, мегӯяд, ки “мо чунин нагуфтаем”.

Баъдан барои ҳалли масъала дар рафти барнома ба Бахтиёр Аксакалов занг зада, якҷо суҳбат мекунанд ва ӯ каме нармтар мегӯяд, ки бояд бештар дар бораи худам гап мезадам ва ҳеҷ кас маро нагуфтааст, ки номи касеро гиру аз касеро нагир.

Дар охир, мушкил ҳал мешавад ва доир ба кору зиндагии Беҳрӯз Мирзоев суҳбат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *