Бедил аз Фозил зӯртар баромадааст…

Ё Ходими илмӣ барои таҳқири Бедил аз кор рафт

Таи як ҳафтаи охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ,ки дар баҳсҳои он “тоҷикони интернетӣ” вақтгузаронӣ мекунанд, баҳси пурсару садо сари мавзӯи “Бедил беҳтар ё коғази ташноб” дар авҷ буд. Таърихчаи ин баҳсро ёдовар мешавем. Ҳафтаи гузашта дар толори Акдаемияи илмҳои ҷумҳурӣ конфронсе баргузор гардид,ки ба эҷодиёти шори бузург Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ бахшида шуда буд. Шоял бахотири пур кардани толор бошад,ки қисми зиёди толорро бо донишҷӯён ва ходимони илмии академия пур карда буданд. Табиист,ки на ҳамаи нишастагон  ба мавзӯи матраҳшаванда таваҷҷуҳ доштанд. Аз ин рғ, онҳо ё дар ҷои нишасташон пинак мерафтанд ва ё мисли қаҳрамони асосии ин баҳсҳо Фозил Фатҳуллоев машғули бозии шоҳмот дар телефони дастиашон буданд.Таваҷҷӯҳи  Дидор Саъдуллоев, аксбардори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро , ки рафти ин чорабиниро аксбардорӣ мекард, онҳое ба худ кашиданд, ки дар хоби ноз буданд ва ё телефонбозӣ доштанд Пас аз чорабинӣ Дидор чанд акси “истироҳаткунандагон”-ро ба саҳифаи Фейсбукаш гузошт ва гӯё ба занбӯрхона даст андохт…

Паи нашри ин суратҳо истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоии интернет нуқтаи назари худро навиштан гирифтанд . Аммо аз ҳама “фаъол” дар ин баҳс Фозил Фатҳуллоев буд,ки ҳамаро монда ба “таҳлили” нақши Бедил дар ҷомеаи имрӯза  оғоз намуд ва Дидорро барои ин кораш таҳҷирҳои гӯшношунид кард.Баъдтар маълум шуд,ки Фозил ягон донишҷӯи бо зӯрӣ ба ин толор даъватшуда не, балки ходими илмии худи академия будааст ва масъалаҳои демографию иқтисодиро мавриди пажуҳиш қарор медодааст. “Пажуҳиши” Фозил  дар ин ҷода то ҷое расидааст.ки ӯ Бедилро аз коғази ташноб ҳам пасттар ҳисобид ва ин боиси ғазаби онҳое гардид,ки суханони таҳқиромези Фозилро нисбати аксбардор ва Бедил ба худ низ таҳқир ҳисобиданд.. “Иқтисодшинос” ҳатто ба дараҷае ба гуфти худаш “дебил” аст.ки мегӯяд: “Исбот кун! Кадом сектори буҷаи давлат аз ҳисоби е суратҳисоби Бедил аст?”  Албатта ин чизро Дидор ва дигар ҳамфикрони  ӯ исбот карда натавонистанд ва ҳатто як нафари онҳо, Наимҷон Насимов, ба Президент  Эмомалӣ Раҳмон, президенти Академия Фарҳод Раҳимӣ ва ба мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод Лутфулло Саидмуродов нома навишта, ба масъулият кашидани ин ходими илмиро, ки бо таҳқири бузургворе, чун Бедил таъриху адабиёти тоҷикро таҳқир кардаву обрӯи Академияи илмҳоро рехтааст, бо номаи кушод муроҷиат намуд. Шояд бе ин номаи Наимҷон ҳам Фозилро аз кор меронданд, зеро ӯ аз чаҳорчӯбаи одоб ва  рафтори як ходими илмӣ ва ҳаттояк ҷавони тоҷики беилм ҳам баромада буд.Аммо маълум гардид,ки Бедил аз “коғази ташноб” ҳам болотар будааст ва тавонист Фозили “тафаккури техникӣдошта”-ро аз орзӯи дар оянда академик шудан маҳрум намояд. Аммо ӯ дар лаҳзаи охир “роҳи ҳалли масъаларо ёфт” ва дар саҳифаи иҷтимоияш ин номаро нашр кард: (айнан)”Ба тамоми ахли зиёи мурдуми точик ва бевосита ба кормандони Академияи илмхои Чумхурии Точикистон эхтиромона мерасонам, ки ман Фатуллоев Ф.Ф. дар холати хаячон ва эхсосоти будам. Аз доираи этикаи муошират ва бахс баромадам, ки дар натича кормандони Академияро дар холати изтироби ногувор карор додам. Аз кардаи худ узр мепурсам. Манзури ман доир ба осори Бедил тахкир набуд. Азбаски дар ман тафаккури техники волоият доштан хавасманд набуданамро ба осори Бедил нодуруст изхор намудам, аммо мавриди изхори акида суханхои бемаъни ва тахкиромез садо додааст. Аз ин лиҳоз, ман аз хонандагон ва ахли зиёи мамлакат узр мепурсам. » Аммо ин навиштаҳои Фозил  ҳамагӣ баъд аз ним соати нашр аз саҳифааш ғайб заданд. Шояд боз ба ягон толори дигар ба шоҳмотбозӣ рафта бошад?

А.АҲМАДЗОДА

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *