Беморхонаи клиникавии Суғд соҳиби 2 нақлиёти сайёри тиббӣ шуд

Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд соҳиби 2 нақлиёти сайёри тиббӣ шуд. Дар ин бора аз маъмурияти беморхона ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Ин нақлиёт бо маблағгузории Фонди авруосиёии субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  дастрас гардидааст.

Нақлиёти махсуси сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошад.

Бо мақсади гузаронидани хизматрасонии тиббӣ аз тарафи 10  табиби  соҳавии беморхона тавассути нақлиёти сайёр ба таври таҷрибавӣ дар ноҳияи Спитамен 400 нафар аз муоина гузаронида шуданд.

Сокинонро табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёти нави тиббӣ муоина намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *