Бемористон дар вагон: вазъи ногувори бунгоҳҳои тиббӣ дар Хатлон

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 43 бунгоҳи тиббӣ дар хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои ғайри тиббӣ ҷойгиранд. Мутаассифона, боз 68 бунгоҳи дигар ниёз ба таъмир дорад.

Матлуба Шоҳназарова, мудири шуъбаи хизматрасонии модар ва кӯдаки Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфт, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 1 ҳазору 542 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, аз ин шумора 17 бунгоҳи тиббӣ дар хонаҳои шахсӣ, чор адад дар вагон, 13 бунгоҳ дар муассисаҳои таълимӣ, ҳафт бунгоҳи дигар дар муассисаҳои ғайритиббӣ ҷойгир буда, ду бунгоҳи тиббӣ ҳолати садамавӣ доранд. Ин бунгоҳҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Кӯшониён, Панҷ, Қубодиён, Балҷувон, Темурмалик ҷойгиранд.

Мутаассифона, ҳанӯз дар ноҳияи Вахш ду бунгоҳ дар хонаҳои шахсӣ, як бунгоҳ дар мактаб ва як бунгоҳи дигари тиббӣ дар вагон ҷойгир аст, — таъкид кард Матлуба Шоҳназарова.

“Давоми соли ҷорӣ 16 бунгоҳ аз ҷойҳои номувофиқ бароварда шуд. Оянда боқимонда бунгоҳҳо низ бароварда мешаванд. Дар умум дар вилоят 68 бунгоҳи тиббӣ ба таъмир ниёз дорад. Ҳамчунин, бо бунёди деҳаҳои нав дар шаҳру ноҳияҳо талабот ба сохтмони бунгоҳи тиббӣ ба 18 адад расидааст”.   

Аммо хилофи гуфтаҳои боло Сафарбеки Зубайдулло, муовини роҳбари кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш иддао кард, ки дар ноҳия ҳамагӣ як бунгоҳ дар вагон ва яктои дигар дар мактаб ҷойгир асту халос. Ӯ мегӯяд, боқимонда бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ бо шароити хуб таъминанд. Аммо ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, дар маҷмӯъ аксари марказ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияи Вахш ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд. Ростӣ гуфтаҳои ин шахси масъул барои мо то ҷое норушан боқӣ монд. Чунки ӯ гуфтааст “шароити хуб доранд, аммо ба талаботи муосир ҷавобгӯ нестанд”. 

Расул Саидов, роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат ба “Тоҷикистон” гуфт, “Нақша дорем, ки имсол ҳашт бунгоҳи таъмирталабро таъмир кунем. Барои ин кор соҳибкоронро ҷалб мекунем. Мутаассифона, се бунгоҳи тиббии садамавӣ дорем. Бо вуҷуди ин боз бунгоҳ дар хонаи шахсӣ низ ҳаст. Барои бозсозии ин бунгоҳҳо то ҳол ягон чора андешида нашудааст”.-гуфт ӯ.      

Барои аз вазъи бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Шаҳритус огоҳ шудан назди роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи болозикр, Мунира Муродова рафтем. Баъди интизориҳои зиёд дар қабулгоҳ котиба ба мо барои дохили утоқи кории ӯ шудан иҷозат дод. Мутаассифона, Мунира Муродова бо худписандӣ гуфт, “Ман дигар бо журналистон суҳбат намекунам. Моро дар телевизион бисёр намоиш доданд, аз вазир гап шунидем”.

Аз шароити ногувор доштани баъзе аз бунгоҳҳои тиббӣ ва сифати пасти хизматрасонии тиббӣ асосан сокинони рустоҳо нигаронанд. Сокинони деҳаҳое, ки бунгоҳи тиббӣ надоранд барои гирифтани кумаки аввалияи тиббӣ намедонанд ба куҷо муроҷиат намоянд. Сокинон мегӯянд, хуб мешуд дар доираи истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба масъалаи бунёди бунгоҳ ва марказҳои саломатии деҳотӣ таваҷҷуҳ бештар карда шавад.

Масъалаи дигари муҳим, ин фурӯхта ва ё ба каси дигар додани бунгоҳҳои тиббӣ аст. Ин нуктаро касе аз масъулини Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон тасдиқ накард. Аммо сокинони чанд деҳа дар вилоят иддао доранд, ки бунгоҳи тиббии онҳо аллакай соҳиб пайдо кардаву қисме аз он тахриб шудааст.

Сохтмони муассисаи тиббӣ ва ҷиҳозонидани он бо таҷҳизоти муосир дар шароити имрӯз осон нест. Вале сиҳатии сокинон ва дастрасӣ ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ низ муҳим аст. Пас мебояд масъулин сари ин масъала жарфтар андеша кунанд.

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *