китоб

Беш аз 2 млн сомонӣ барои ғолибони озмун дар пойтахт

Соли равон дар шаҳри Душанбе барои баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду миллиону чорсаду шасту ҳафт ҳазору чорсад сомонӣ ҷудо мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.Тибқи қарори мазкур, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ гардида, масъулини соҳа вазифадор шудаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир намудани озмун тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Соли равон ба Низомномаи озмун якчанд тағйиру навгониҳо ворид гардида, он аз рӯйи 6 номинатсия баргузор карда мешавад. Аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон дар 2 зерноминатсия байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон 1 зерноминатсияи дигар илова гардида, он бо назардошти хусусияти синнусолӣ байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар алоҳидагӣ баргузор мегардад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *