Беш аз 200 гектар замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ киштбоб гардид

Дар натиҷаи тоза намудани беш аз 140 километр шабакаҳои заҳбуру заҳкаш дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳолати зиёда аз 200 гектар замини корам беҳтар гардидааст. Дар ин бора Маҳмуд Амирзода, раиси ноҳия, рӯзи 5 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар маҷмуъ 142 километр заҳбуру заҳкаш – бахше аз онҳо дар мавзеъҳое, ки солҳои зиёд тоза нашуда буданд, тоза карда шудаанд.

Раиси ноҳия таъкид кард, ки ин тадбир ба обёрии беҳтари заминҳо ва боло рафтани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 600 километр шабакаҳои заҳбуру заҳкаш мавҷуданд, ки аз онҳо 207 километр байнихоҷагӣ ва 400 километр дохили хоҷагӣ мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *